IQNA

 Роҳандозии тарҳи муаррифии чанд забонаи Ҳарамайни Шарифайн ба ҳоҷиён

19:11 - June 18, 2023
рақами хабар: 122
Роҳандозии тарҳи "Хушомад ба шумо бо забони худатон" барои муаррифии Ҳарамайни Шарифайн ва муҳиммтарин амокини ба зоирони сарзамини ваҳй бо забонҳои мухталиф.

Масъулони Масҷидулҳаром ва Масҷидннабӣ аз роҳандозии тарҳи "Хушомад ба шумо бо забони худатон" барои муаррифии Ҳарамайни Шарифайн ва ошноӣ онҳо бо муҳиммтарин хадамоти ироа шуда ба зоирони сарзамини ваҳй ба забонҳои мухталиф хабар дод.

Ба гузориши "ИКНА" ба нақл аз "Ас-Сақфа", масъулони Масҷидулҳаром ва Масҷидннабӣ, аз роҳандозии тарҳи "Хушомад ба шумо бо забони худатон" бо ҳадафи муаррифии Ҳарамайни Шарифайн ва хадамоти ироа шуда ба ҳоҷиён ба забонҳои мухталифи зоирон хабар дод.

Аҳмад ибни Абдулазиз Ал-Ҳамдӣ, муовини бахши забонҳо ва тарҷумаи тавлияти кулли Масҷидулҳаром ва Масҷидннабӣ, бар омодагии комили ин муованат аз назари неруи инсонӣ ва имконоти фаннӣ барои иҷрои ҳарчи беҳтари ин тарҳ ва ироаи хадамот ба зоирони Байтуллоҳиллҳаром дар ростои ғани сохтани таҷрибаи фарҳангӣ ва динии онҳо ва ҳамчунин тасҳил дар анҷоми маносики ҳаҷ таъкид кард.

Абдулазиз Ал-Ҳамдӣ, дар идома афзуд дар канори ин тарҳ, ибтикори кайфии электронии маҷозӣ низ ба иҷро даромадааст, дар ин ибтикор ҳоҷиён метавонанд бо скан кардан штрих-коди махсус ба маҷмӯае аз китобҳо ва осор ба забонҳои мухталиф дар мавриди мутуни исломӣ дастрасӣ пайдо кунанд.

https://iqna.ir/fa/news/4148395

راه‌اندازی طرح معرفی چند زبانه حرمین شریفین به حجاج

captcha